Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қотилони 14 ҷавонзан дар Русия


Ҳашт нафар дар Русия бо иттиҳоми қатли 14 ҷавонзане, ки онҳоро ба фоҳишагарӣ маҷбур мекардаанд, ба мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум гаштанд. Додгоҳи Нижний Тагили Русия раҳбари даста, Эдуард Чудиновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Бародари ӯ, Дмитрий ва шаш нафари дигар барои аз 10 то 24 сол ба зиндон фиристода шуданд. Ин даста ба номуси духтарони ҷавон таҷовуз карда, онҳоро ба фоҳишагарӣ маҷбур мекардаанд. Дар ҳоли радди талаб занони ҷавон кушта мешудаанд. Аъзои даста замоне боздошт шуданд, ки ҷасади духтарон аз бешазорони канори шаҳр дарёфт гаштанд.
XS
SM
MD
LG