Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Картер машварат доданд, ки бо Ҳамос мулоқот накунад


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба президенти пешини Амрико Ҷиммӣ Картер машварат дод, ки аз мулоқот бо раҳбари ситезаҷӯёни Ҳамос ҳангоми сафари Сурия худдорӣ кунад. Сухангӯи вазорат, Шон Маккормак гуфт, тибқи сиёсати ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, Ҳамос як созмони террористист, ки ба раванди сулҳи Ховари Миёна мухолифат дорад. Картер, тибқи хабарҳо нақша дорад ҳафтаи оянда ба Исроил, Каронаи Бохтарӣ, Миср, Сурия, Арабистони Саъудӣ ва Урдун сафар кунад. Хабаргузориҳо гуфтаанд, Картер, барандаи Ҷоизи сулҳи Нобел дар сол 2002 андеша дорад, дар Димишқ бо Холид Машъал, раҳбари Ҳамос мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG