Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснашинии зане дар боздоштгоҳи Хуҷанд


Дар боздоштгоҳи муваққати рақами дуи шаҳри Хуҷанд, зане гуруснанишинӣ эълон кард, ки ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешавад. Дар номаи Лутфинисо Муҳаммадиева, ки ба расонаҳои ахбори ом фиристодааст, гуфта мешавад, вай чор моҳ аст, бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар ҳабс ба сар мебарад ва дар ин муддат муфаттиш бо ӯ мулоқот накардааст. Вай худро бегуноҳ мешуморад ва менависад, баракс худаш ба мақомоти қудратӣ аз қочоқи маводи мухаддир хабар дод ва хост дар пажӯҳиши ҳодиса мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG