Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Зимбабве интихоботро ҳалшуда мешуморанд


Мухолифони Зимбабве мегӯянд, раҳбари онҳо, Мургон Чвангирай дар ҳеҷ гуна даври дувуми интихоботи президентӣ ширкат нахоҳад кард. Тандай Битӣ, дабири кулли Ҷунбиши Таҳаввулоти Демократии Зимбабве гуфт, ба ҳеҷ гуна даври дувуми интихобот зарурат нест, зеро Чвангирай дар интихоботи моҳи гузашта ҳаққу ҳалол пирӯз гардид. Кумисюни марказии интихоботии Зимбабве то ҳанӯз натиҷаҳои раъйдиҳии 29-уми мартро эълон накардааст, аммо ҳизби ҳокими президенти феълӣ Роберт Мугобе гуфтааст, зарурати даври дувуми интихобот рӯшан аст.
XS
SM
MD
LG