Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи берункашии нирӯҳои ИМА аз Ироқ мутаваққиф мешавад


Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш қарори хатми берункашии нирӯҳои амрикойӣ аз хоки Ироқро баъди моҳи июл содир кард. Дар суханронии имрӯзаи худ вай гуфт, ки фармондеҳи нирӯҳои амрикойӣ дар Ироқ тамоми фурсати заруриро дар ихтиёр хоҳад дошт, то ки баъди аз хоки ин кишвар берун шудани кулли нирӯҳои изофагии соли гузашта ирсолшуда тасмими боспас гардонидани боқӣ сарбозонро бигирад. Вай инчунин гуфт, ки мӯҳлати хизмати сарбозони амрикойӣ дар Афғонистону Ироқ аз 15 моҳ то 1 сол коҳиш дода мешавад. Буш гуфт:

"То 31 июл шумори бригадаҳои ҷангӣ дар Ироқ назар ба соли гузашта 25 дар сад коҳиш дода мешавад. Ғайр аз ин, генерал Петреус гуфт, ки барои вай фурсат лозим аст, то ки нирӯҳоро ба ҳам оварда, арзёбӣ кунад, ки ҳузури камшудаи нирӯҳои амрикойӣ ба вазъи амалӣ дар минтақа чӣ таъсир хоҳад гузошт. Ва инро пеш аз тавсияҳои иқдомоти минбаъдаи мо дар самти коҳиши нирӯҳо анҷом додан лозим аст. Ва ман ба ӯ гуфтам ки ҳама фурсати заруриро дар ихтиёр хоҳад дошт".

Суханронии имрӯзаи Буш дар Кохи Сафед ду рӯз баъди баромади генерал Девис Петреус дар Конгресс пахш шуд, ки тавсия дода буд, ба хотири таъмини бештари амнияти Ироқ дар нақшаҳои берункашии нирӯҳои амрикойӣ танаффусе гирифта шавад. Буш гуфт, ки дар вазъи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Ироқ пешрафтҳо мушоҳида мешавад ва аммо ҳанӯз ҳам чолишҳои ҷиддӣ аз ҷониби нирӯҳои мудохилакунандаи мисли Эрон ва ҷангиёни Ал-Қоида эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG