Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти мунтазираи Буш роҷеъ ба берункашии нирӯҳо


Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш бояд дар суханронии имрӯзаи худ барномаи ҳукуматро оиди танаффусе дар берункашии нирӯҳо аз хоки Ироқ эълон кунад. Фармондеҳи калони нирӯҳои амрикойӣ дар Ироқ генерал Девид Петреус ҳафтаи ҷорӣ тавсия дод, ки маъракаи берункашии маҳдуди нирӯҳои амрикойӣ аз хоки Ироқ то июл идома ёбаду баъдан, дар пайи як танаффуси 45-рӯза дубора аз сар гирифта шавад. Дар мусоҳибаи Буш бо як нашрияи маҳаллӣ имрӯз гуфта мешавад, ки вай тавсияҳои Петреусро ҳамаҷониба тарафдорӣ мекунад. Инчунин интизор меравад, ки Буш дар суханронии худ оиди коҳиши мӯҳлати хизмати сарбозони амрикойӣ дар хоки Афғонистону Ироқ аз 15 моҳ то 1 сол изҳорот пахш хоҳад кард. Феълан дар хоки Ироқ 160 ҳазор сарбози амрикойӣ хизмат мекунанд ва то моҳи июл 20 ҳазор нафари онҳо бояд ба ватан баргарданд.

XS
SM
MD
LG