Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия: 11 шӯришии курд кушта шуданд


Расонаҳои туркӣ хабар доданд, ки имрӯз дар минтақаи шарқии Тунчелии Туркия 11 шӯришии курд кушта шуданд. Ин афрод, ки аъзои Ҳизби Коргарони Курдистон гуфта мешаванд, дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои амниятии Туркия ба қатл расиданд. Амниятиҳо мегӯянд, ки баъди рӯзи чоршанбе ошкор шудани чандин бомбаи сарироҳӣ дар роҳи Тунчелӣ-Эрзурум даст ба ин амалиёт заданд. Ин ҳодиса дар ҳоле гузориш мешавад, ки шаш ҳафта пеш 10 ҳазор сарбози артиши Туркия амалиёти густардаи худро алайҳи шӯришиёни курд дар манотиқи марзӣ бо Ироқ анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG