Пайвандҳои дастрасӣ

Пешгӯии "нохуш"-и СБП барои Тоҷикистон


Сандуқи байналмилалии пул рушди тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро барои соли ҷорӣ 4,1 дарсад пешбинӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ин созмони байналмилалӣ ва вазорати иқтисоди Тоҷикистон ин нишондиҳандаро 8 дарсад пешбинӣ карда буданд.

Сандуқи байналмилалии пул сабаби коҳиш ёфтани афзоиши тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро, ки нишондиҳандаи рушди иқтисодии кишвар аст, дар гузориши худ шарҳ намедиҳад. Аммо барои ҷилавгирӣ аз коҳиши бештари ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллӣ ба кишварҳои дорои иқтисоди заъиф коҳиши сатҳи таварум ва тағйир кардани сиёсати молию буҷавиро тавсия медиҳад. Бино ба пешгӯии Сандуқи байналмиллии пул ҳаҷми таварум дар Тоҷикистон имсол бештар аз 18 дарсад хоҳад шуд.

Вазорати иқтисоди Тоҷикистон имкони кам шудани ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии ин кишварро таъйид мекунад. Тибқи иттилоъи ин вазорат, дар соли қаблӣ ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллӣ бештар аз 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, вале сатҳи баланди таварум ва афзоиши зиёди нархҳо ба ҳаҷми он таъсири манфӣ расонидааст.

Имсол низ эҳтимоли таъсири манфии афзоиши нархҳо ба ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар вуҷуд дорад.

Коршиносони маҳаллӣ пешбинии Сандуқи байналмилалии пулро воқеъӣ арзёбӣ мекунанд. Нуриддин Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, буҳрони энержии зимистони гузашта ва ахиран бебориш омадани ибтидои баҳори имсола боис ба коҳиши ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон шудааст. Ба қавли оқои Қаюмов, дар семоҳаи аввали соли равон аксари корхонаҳои кишвар бо иллати адами барқ фаъолият накарда, ҳаҷми тавлидотро коҳиш додаанд. Ва ахиран бебориш омадани баҳори имсола ва ҳамлаи малах ҳосили киштзорҳои Тоҷикистонро кам кардааст. Оқои Қаюмов мегӯяд, ин авомил ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллиро коҳиш хоҳад дод ва афзоиши қимати маводи хурданиро дар пай оварда, мунҷар ба афзоиши ҳаҷми таварум хоҳад шуд.

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати афзоиши сатҳи таварум дар соли ҷорӣ дар ҷои сеюм ва аз ҷиҳати рушди тавлидоти нохолиси миллӣ дар ҷои ахир қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG