Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти 8 нафар барои куштори занҳо


Додгоҳе дар Русия ҳашт узви як ҳалқаи ҷиноиро барои куштор ва ҷалби маҷбурии занҳо ба кори танфурӯшӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Додгоҳе дар Нижний Тагил раҳбари ин гурӯҳ Эдуард Чудиновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Бародари вай Дмитрий ва шаш тани дигар аз 10 то 24 сол равонаи зиндон шуданд. Гурӯҳи мазкур дар миёнаҳои солҳои 2002 то 2005 дар минтақаи шарқии Урали Русия даст ба таҷовузи духтарҳои ҷавон зада онҳоро иҷборан ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст. Вақте духтарҳо барои ин кор розӣ намешуданд, ба қатл мерасиданд, мегӯяд полис. Қурбониҳои гурӯҳи Чудинов, ки синнашон аз 13 то 25-сола гуфта мешавад, дар як қабри дастаҷамъии ҷангали дурдасти Урал гӯр карда шуданд. Баъди ошкоршавии ин ҷасадҳо, полис ба боздошти ҳалқаи ҷинояткорон даст зад.
XS
SM
MD
LG