Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виктор Бут аз ҳукумати Русия дархости кӯмак кард


Виктор Бут, як муттаҳам ба фурӯши аслиҳа, аз ҳукумати Русия хост, ки барои раҳоии вай аз зиндони Тайланд кӯмак кунанд. Ӯро полиси Тайланд моҳи март бо иттиҳоми фурӯши аслиҳа ба гурӯҳҳои террористӣ ва шӯришиҳои Колумбия дастгир карда, мехоҳад ба ИМА таслим кунад. Дар як изҳорот, ки хабаргузории РИА Новостӣ нашр кардааст, Бут гуфтааст, ки вай бо иттиҳомоти сохтаи амрикоиҳо дастгир шудааст. Вай инчунин барои таъмини аслиҳаи гурӯҳҳои даргир дар Афғонистону Либерия ва дигар манотиқ муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG