Пайвандҳои дастрасӣ

Тайи чанд рӯзи ахир аксари рустоҳои минтақаи Рашт аз истифодаи нерӯи барқ комилан маҳрум мондаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки интиқоли барқ ба марокизи навоҳии ин водӣ низ коҳиш ёфтааст. Ба гунаи мисол, давоми як шабонарӯзи ахир маркази водӣ - шаҳраки Ғарм барқ надорад.

Абдулмаҷид Авазов, намояндаи идораи шабакаҳои барқдиҳӣ гуфт, иллати чунин бебарқиҳоро барои онҳо камбуди об дар обанбори Норак шарҳ додаанд.

Ин ҳам дар мавридест, ки асароти мушкилоти бебарқӣ дар зиндагии сокинон мушоҳида мешавад. Пизишк Роҳатхӯҷа Забиров мегӯяд, набуди барқ дар қадами аввал асари манфии худро дар беморхонаҳо гузоштааст. Ӯ гуфт, феълан, дар доираи имконот ҷарроҳӣ ва ҳама намуд ташхисҳо тавассути дизелҳои барқдиҳанда анҷом мешаванд.

Исомиддин ном сокини Рашт мегӯяд, дар тақсимоти барқ дар ин чанд моҳ норасоиву ноадолатиҳои зиёде мушоҳида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Абдулмаҷид Авазов, корманди шабакаҳои барқдиҳӣ дар минтақаи Рашт, тайи як рӯзи пеш ҳамагӣ 350 ҳазор киловатт барқ ба 5 ноҳияи водӣ интиқол шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди ҳамин манбаъ, соли гузашта шурӯъ аз 5-уми апрел интиқоли шабонарӯзии барқ роҳандозӣ гашта буд.

XS
SM
MD
LG