Пайвандҳои дастрасӣ

Сербистон дар Косово интихобот мегузаронад


Тибқи гузоришҳо, Сербистон тасмим гирифтааст, алорағми эълони истиқлолияти Косово, моҳи оянда интихоботи парлумонӣ ва маҳаллии худро дар ин минтақа ҳам баргузор кунад. Хабаргузории Beta-и Сербистон навишт, ки Комиссиюни интихоботӣ рӯзи чоршанбе қатъномаеро қабул кардааст, ки дар он аз омодагии Белград барои баргузории интихобот дар минтақаи аксаран албанитабори Косово дар таърихи 11 май иттилоъ дода мешавад. Парлумони Косово дар таърихи 17 феврал ба таври якҷониба истиқлолияти худро эълон кард. Дар миёни беш аз 30 давлате, ки истиқлолияти Косоворо барасмият шинохтаанд, ИМА, Бритониё ва Олмон мебошанд. Аз миёни 1,8 миллион ҷамъияти Косово 120 ҳазор нафарашонро аққалияти сербҳо ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG