Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама - ҷонибдори бозиҳои олимпӣ


Раҳбари маънавии Тибет Далай Лама имрӯз бори дигар пуштибонии худро аз баргузории бозиҳои олимпӣ дар Чин такрор кард. Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки бо идомаёбии маросими машъалбардорӣ дар шаҳрҳои Аврупову Амрико, мавҷи эътирозҳо аз саркӯби фаъолони Тибет баландтар мешавад. Далай Лама гуфт:


"Аз оғоз ман ҷонибдори баргузории бозиҳои маъруфи олимпӣ дар хоки Чин будам, чунки Чин кишвари серҷамъият ва қадимаи ҷаҳон мебошад. Аз ин хотир, мардуми Чин сазовори инанд, ки бозиҳои олимиро мизбонӣ кунанд".

Чин Далай Ламаро барои ташкили ошӯбҳову саботажи бозиҳои Пекин муттаҳам кардааст. Далай Лама имрӯз дар Токио буд. Вай баъди боздид аз ИМА, ки ин нахустин сафари хориҷии вай баъди саркӯби ошӯбҳо буд, вориди Ҷопон шуд. Эътирозҳову ошӯбҳо боиси халалдоршавии маросими машъалбардорӣ дар Лондону Париж ва Сан-Франсиско шуд. Жак Рогге, президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ гуфт, ки эътирозҳо Олимпиадаро бо бӯҳрон рӯбарӯ кардааст, ҳарчанд афзуд, ки нияти хатми пеш аз мӯҳлати эстафетаи машъалбардориро дар шаҳрҳои боқимонда надоранд.
XS
SM
MD
LG