Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энержӣ муҳимтар аст ё ҳуқуқи башар?


Кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ

Соли гузашта Иттиҳодияи Аврупо эълон кард, ки бо дарназардошти аҳамияти афзояндаи стротежии Осиёи Марказӣ кӯмакҳояш ба кишварҳои ин минтақаро дар давраи аз соли 2007 то соли 2013 тақрибан 90 дарсад афзуда, ба 750 миллион евро хоҳад расонд. 66 миллион евро аз ин бастаи кӯмакҳо махсуси Тоҷикистон буда, аз ҷумла қарор аст, 23 миллион евро барои барномаҳои мубориза бо фақр, 8 миллион – барои таҳкими ҳифозати марзҳои Тоҷикистон, 5 миллион евро, ба риштаи маорифи ин кишвар ва 4 миллион евро барои тарҳҳои марбут ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва таҳкими демократия дар Тоҷикистон масраф шаванд.

Қарор аст, ИА дар моҳи июни соли равон ва сипас дар ҳар ду соли оянда ҷараёни

"66 миллион евро аз ин бастаи кӯмакҳо махсуси Тоҷикистон мебошад."

иҷрои ин барномаи кӯмакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро бозбинӣ кунад. ИА гуфтааст, ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, ҳуқуқи башар, авлавияти қонун, гуфтугӯи тамаддунҳо ва эҳтиром ба озодиҳои мазҳабӣ, ислоҳи низоми маориф, таҳкими масирҳои ҳамлу нақли коло ва энержӣ дар меҳвари муносиботи ин созмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор хоҳанд гирифт.

ИА ба хотири расидан ба ин аҳдоф, хостори роҳандозии гуфтугӯи мустақими сиёсӣ бо ҳукуматҳои ин минтақа шуд. Нахустин нишасти сегонаи ИА бо вузарои хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ моҳи марти соли гузашта дар Остона ва нишасти дуввум дар чунин сатҳ ахиран дар Ишқобод доир шуд.

ИА ва ҳуқуқи инсон дар ОМ

Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мехоҳанд, ки ИА ироаи кӯмакҳояш ба кишварҳои ин минтақаро бо масоили ҳуқуқи башар вобаста кунад ва дар ивази ёриҳои худ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба эътиқоди ҳомиёни ҳуқуқ, ҳамчунон аз кишварҳои саркӯбкунандаи озодиҳои аслии инсон маҳсуб мешаванд, беҳбуди вазъи ҳуқуқи башарро тақозо кунад.

Дар арафаи нишасти Ишқобод Ҳюман Райтс Вотч, як созмони мӯътабари дидбони ҳуқуқи башар аз ИА хост, барои ҳар кишвари Осиёи Марказӣ ё меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқи башарро тартиб дода, дар ивази барномаи ёриҳои худ аз он давлатҳо иҷрои бидуни чуну чарои ин меъёрҳоро талаб кунад.


Андреа Берг, гузоришгари Ҳюман Райтс Вотч дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: "Нигаронии асосии мо аз дастрасӣ ба адолат ва истиқлоли додгустариҳо мебошад. Усулан, вазъи Тоҷикистон шабеҳи Қирғизистон, ки дар он ҷо гуногунфикрии сиёсӣ зери фишори рӯзафзун мебошад. Озодии ҷамъомадҳо, озодии ташкили иттиҳодияҳо ва озодии баён маҳдудтар мегардад. Мо умед дорем, Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, то як идда машваратҳои аз тарафи САҲА ва ё кумитаи зидди шиканҷаи СММ матраҳшударо иҷро кунад."

Андреа Берг, гузоришгари Ҳюман Райтс Вотч, Созмони Афви байналмилалӣ ҳам гуфтааст, “дар ҳоле ки дар Осиёи Марказӣ нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар мушоҳида мешавад, тавре ба назар мерасад, ҳарду ҷониб – ҳам ИА ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ - на ба ташвиқу ҳимоят аз ҳуқуқи башар, балки бештар ба рушди равобити иқтисодӣ бартарӣ медиҳанд.

Аммо Бенита Ферреро Волднер, кумиссари равобити хориҷии ИА дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳуқуқи башар, албатта, дар равобити берунаи мо хеле муҳим аст ва дар воқеъ, мо мехоҳем дар ин бора ба мо тааҳҳуди бештар дода шавад. Албатта, мо фарқҳои таърихӣ ва фарҳангии мавҷуда байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупоро медонем ва аз ин рӯ, ислоҳот дар риштаҳое, ба мисли демократисозӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи башар фурсат металабанд.”

Бенита Ферреро Валднер:
"Ислоҳот дар риштаҳое ба мисли демократисозӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи башар фурсат металабанд".

ИА одатан талош мекунад, ба нигарониҳои гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз паси панҷа нанигарад ва масалан, дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон алайҳи Узбакистон як силсила таҳримот ҷорӣ кард. Вале агар қарори ин созмон дар мавриди манъи фурӯши аслиҳа ба Узбакистон ҳамчунон ба қувваи худ боқист, вале манъи раводиди сафар ба Аврупо барои як идда аз мақомоти дар ҳаводиси Андиҷон дастдоштаи Узбакистон моҳи окябри соли гузашта барои 6 моҳ, яъне то апрели соли ҷорӣ лағв шуд. Сабуктар шудани таҳримоти ИА алайҳи Тошканд, албатта, мояи хушиву қаноати ҳомиёни ҳуқуқи башар нашуд.

Қазияи Тоҷикистон бо СБП

Аммо танҳо масъалаи ҳуқуқи башар нест, ки рӯи равобити ИА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ соя меафканад. Бенито Ферреро Валднер, кумиссари равобити хориҷии ИА, ки қабл аз нишасти Ишқобод аз Душанбе ҳам дидан кард, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо раҳбарони Тоҷикистон мавзӯъи ҷанҷоли ахири бархоста байни Душанбе ва Сандуқи байналмилалии пулро низ баҳс кардааст. Дар посух ба ин суол, ки оё ин ҷанҷол ба равобити ИА бо Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад гузошт, хонум Валднер гуфт:

“Пеш аз ҳама, мо дар мавриди кӯмакҳои молии худ хеле нуктасанҷона рафтор мекунем ва мо низомҳои зиёди тафтишотиву назоратӣ дорем. Ин як. Дуввуман, дар мавриди Тоҷикистон. Ман дар он ҷо бо раисҷумҳур, вузарои хориҷа ва иқтисод ва бо мушовири хоси президент дар иртибот бо ироаи гузоришҳои ғайривоқеъӣ ба Сандуқи байналмилалии пул низ баҳс кардем. Дар воқеъ, ман фикр мекунам, давлати Тоҷикистон талош дорад, бо даъвати як аудити вижа маълум кунад, ки гузоришҳои ғайривоқеъӣ кай ва чӣ гуна ироа шуданд ва акнун ба хотири пайдо кардани тадбири кор чӣ метавон кард? Ва танҳо пас аз дарёфти як роҳи дурусти ҳалл, тамоми ҷомиаи байналмилалӣ масъаларо муштаракан баҳс мекунад ва танҳо баъдан, мо ба ҳамкорӣ ва мушорикати пурра хоҳем пардохт. Мавзеъи мо дар ин маврид хеле мӯҳтотона аст, вале дар айни замон ман иродаи созандаи сиёсии президентро мебинам, ки мехоҳад ҳалли воқеъӣ ва дарзамонии ин вазъи мушкилро пайдо кунад.”

Сиёсатбозӣ ба хотири энержӣ?

Ба назари таҳлилгарони умур, агар дар як паллаи тарозуи равобити ИА бо Осиёи Марказӣ масоили барои Аврупо, албатта, муҳими ҳуқуқи башар ва демократия истода бошад, Аврупо дар паллаи дигари ин тарозу масоили энержиро гузоштааст.

Қиматҳои ба осмон даккахӯрдаи маводи сӯхт, бидуни шакку шубҳа, аҳамияти ин

Ҳомиёни ҳуқуқи башар:
"Набояд мафоди иқтисодӣ бар ҳуқуқи инсон боло бигирад".

минтақаи саршор аз манобеъи нафту газро барои Аврупо ба маротиб бештар мекунад. Далели дигари таваҷҷӯҳи Аврупо ба манобеъи энержии Осиёи Марказӣ, ба хусус ба Туркманистон, бузургтарин тавлидкунандаи газ, ва Қазоқистон, бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар минтақа, коҳиш додани вобастагиаш аз манобеъи маводи сӯхти Русия ҳам ҳаст, ки дар ҳоли ҳозир 25 дарсади таъмини бозори гази Иттиҳодияи Аврупоро дар ихтиёр дорад.

Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти Ишқобод хостори тавсиъаи ҳамкориҳояш бо Туркманистон дар риштаи энержӣ шуд. Аврупо аз ҷумла мехоҳад Туркманистонро ба мушорикат дар тарҳи эҳдоси лӯлаи гази мавсум ба Набуко, ки хориҷ аз марзҳои Русия кашида хоҳад шуд, моил кунад.

Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, мафоди иқтисодӣ дар ин равобит набояд бар чунин масоили усулие, чун ҳуқуқи башар, боло бигиранд ва чашм пӯшиданҳои Ғарб, аз ҷумла Аврупо, аз ин масоил набояд дасти кишварҳои Осиёи Марказиро ба нақзи боз ҳам ошкору бараҳнатари асли озодиҳои инсон бозтар кунад.

XS
SM
MD
LG