Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии кулли Тоҷикистон бо иттиҳоми тақсими ғайриқонунии замин дар солҳои 1999 – 2006 нисбати се масъули собиқи шаҳрдории Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба гуфтаи маркази хабарии додситонии Суғд, алайҳи Олимҷон Ҷалолов, раиси собиқи шаҳри Хуҷанд, муовинаш Абдуманнон Абдуаҳадов ва сармеъмори собиқи шаҳр Абдусаттор Шокиров иттиҳомҳои суиистифода аз ваколати хидматӣ пешниҳод шудааст.
Олимҷон Ҷалолов, ки солҳои 1999 – 2006 раиси шаҳри Хуҷанд буд, дар ҳоли ҳозир вакили маҷлиси вакилони Суғд буда, Абдуманнон Абдуаҳадов намоянда дар маҷлиси шаҳри Хуҷанд мебошанд. Абдураҳим Раҳимов, додситони шаҳри Хуҷанд, дар ин робита мегӯяд. Тафтиши парвандаи масъулини собиқи шаҳрдории Хуҷандро бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташшакили додситонии Суғд баррасӣ мекунад.
Намояндаи маркази хабарии додситонии Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши муқаддамотӣ муайян кардааст, ки бо имзои собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар солҳои 1999 – 2006 дар беш аз 150 маврид ба тариқи ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ба афрод ва ширкату корхонаҳои хусусӣ барои сохтмон тақсим шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳайъати нави шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, он ҳама сохтмонҳо ба нақшаи куллии маркази вилояти Суғд мувофиқ нест ва ба тахриби онҳо оғоз кардааст. Дар ҳоли кунунӣ барои иҷрои ин амр як комиссияи вижа тасъсис дода шуда, қисмати зиёди сохтмонҳо хароб карда шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки иқдоми мазкури шаҳрдории Хуҷанд мавҷи норизоии соҳибони сохтмонҳои шахсиашон харобгаштаро барангехтааст. Онҳо ин кори шаҳрдориро таъарруз ба ҳаққи моликияти хусусии шаҳрвандон номида, аз шаҳрдорӣ ҷуброни хисороти молиашонро талаб мекунанд. Аммо ҷуброни хисоротро, ба гуфтаи Алии Муҳаммадӣ, як ҳуқуқшиноси мустақил дар Хуҷанд, дар ҳоле ки дар чанд соли қабл тақсими ғайриқонунии замин аз ҷониби худи шаҳрдорӣ анҷом гирифта буд, дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Хуҷанд бар дӯш нагирифтааст.
Ба қавли коршиносон, имрӯз он ҳайъати шаҳрдории Хуҷанд, ки барои 150 иншооти дар рӯйхати тахриб воридгашта расман қитъаҳои замин ва иҷозаи сохтмон додааст, дар сари кор ва қудрат нест. Ин ҳайъат дар тирамоҳи соли 2006 зимни тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон 70 дарсад дигаргун шуд. Акнун ҳайъати нави шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ҳеҷ ҳол ҷуброни иштибоҳи ҳамтоёни пешини худро бар дӯш нахоҳад гирифт ва нафарони ҳисоротдида, агар мехоҳанд ҷуброни зарарҳои молии худро рӯёнанд, на ба шаҳрдорӣ, балки ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG