Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиёз ба равобити иқтисодӣ ва ё ба ҳуқуқи башар?


Олмон. Паноҳандагони туркманӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ватанашон эътироз мекунанд

Олмон. Паноҳандагони туркманӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ватанашон эътироз мекунанд

Имрӯз дар пойтахти Туркманистон нишасти дурӯза бахшида ба арзёбии стротежии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба поён мерасад.

Дар ҳоле ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ бо кишварҳои саршор аз маводди сӯхти минтақаро пайгирӣ дорад, ҳомиёни ҳуқуқи башар даъват кардаанд, ки иттиҳодия масъалаҳои энержиро бо вазъи ҳуқуқи башар ва рушди демократия дар Осиёи Марказӣ марбут кунад.
Дар арафаи музокироти ҳайъати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашқобод мансабдорони аврупоӣ иброз доштанд, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад бо Туркманистон ҳамкориҳояш дар соҳаи энергетикаро тавсиъа бахшад. Иттиҳодияи Аврупо минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба хусус захираҳои саршори маводди сӯхти онро ҳамчун калиде дар гуногунсозии роҳҳову таъминкунандагони сӯзишворӣ ва раҳоӣ аз вобастагӣ ба Русия мебинад.
Феълан 25 дарсади воридоти гази табиъӣ ба Иттиҳодияи Аврупоро Русия бар дӯш дорад. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад Туркманистонро ба ширкат дар сохтмону истифодаи лӯлаи гази табиъии маъруф ба «Nabucco» ташвиқ намояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур кишварҳои Осиёи Марказиву Қафқоз тавассути баҳри Каспий ва ё дарёи Хазар бо бозорҳои аврпуоӣ мепайванданд.
Дар изҳотори Иттиҳодияи Аврупо, ки қабл аз анҷоми мулоқоти Ашқобод ба рӯзноманигорон тақдим шуд, зикр гардидааст, ки "бо назардошти баҳсҳои ҳозира ва таҳқиқоти оянда роҳҳои таҳкими муколама перомуни бунёди ба истилоҳ "долонҳои энергетикӣ" тавассути баҳри Каспий ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Дар мулоқоти пушти дарҳои бастаи Ашқобод комиссари равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Бенита Ферреро-Валднер ва вазирони умури хориҷии Фаронсаву Словения бо ҳайъатҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ масъалаҳои мухталиф ва аз ҷумла амнияти энерживу демукросиро арзёбӣ намуданд. Бузургтарин истихроҷкунандаи гази табиъӣ дар Осиёи Марказӣ – Туркманистон – ва бузургтарин истихроҷкунандаи нафти минтақа – Қазоқистон – дар маркази таваҷҷуҳи Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол дар ин минтақаи стротежӣ Русия, ИМА ва Чин барои афзоиши нуфуз рақобат доранд.Баъд аз даҳсолаҳои барканории кишвар президенти кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердиҳамммадов саъй дорад, ки равобити ин кишвар бо мамолики ғарбиро тақвият бахшида, дар айни замон дӯстӣ бо Русияро ҳифз намояд.
Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ояндаи иқтисод ва вазъи ҳуқуқи башарро дар кишвараш нек мебинад
Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ кардааст, ки дар равобит бо мамолики Осиёи Марказӣ муколамаи вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақаро идома медиҳад, аммо гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, дар равобити Иттиҳодияи Аврупо бо Туркманистон, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд масъалаҳои энержӣ аз арзёбии вазъи ҳуқуқи башар бартарӣ дошта бошанд.Дар изҳороте ба ин муносибат созмони ҳомии ҳуқуқи башари «Amnesty International» навиштааст: "Дар ҳоле ки дар Осиёи Марказӣ поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи башар ҷой дорад, ба назар мерасад, ки ҳар ду ҷониб – ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ – на ба ташвиқу ҳифзи ҳуқуқи башар, балки ба рушди равобити иқтисодӣ имтиёз медиҳанд».
Ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ инчунин аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, ки, тавре дар стротежиаш уҳдадор шудааст, аз кишварҳои минтақа иҷрои пурра ва доимии эҳтимроми ҳуқуқи башарро тақозо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG