Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави акробатикаи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба акробатикаи варзишӣ бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқот бо ширкати ҳудуди 150 варзишгар дар толори мактаби махсуси акробатикаи шаҳри Душанбетӯли ду рӯз идома кард.
Дар ҳамаи навъҳои рақобатҳо варзишгарони ин мактаб ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Умеда Қутфиддинова дар сабқати занон ва Бахтиёр Давлатов дар сабқати мардон пирӯз гардиданд. Заррина Наимова ва Диана Ёрмаҳмадова дар сабқати ҷуфти занона, Дмитрий Шапоров ва Фаррух Маҳмудов дар сабқати ҷуфти мардона ҷойҳои аввалро касб карданд.
Дар сабқати ҷуфти омехта пирӯзӣ насиби Ислом Шоев ва Кристина Желтовская шуд. Заррина Наимова, Наталя Кушкова ва Дилнозаи Аҳмадзода дар сабқати сегонаи занона ба унвони қаҳрамонӣ ноил гардиданд. Абдуғаффор Одинаев, Шоҳин Нуров, Ислом Шоев ва Муҳаммад Умронов дар сабқати чаҳоргонаи мардона пирӯзӣ ба даст оварданд.
Михаил Шапоров, сармураббии дастаи мунтахаби акробатикаи варзишии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол акробатҳои Тоҷикистон ба мусобиқоти байнулмилии Авросиё, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Пирӯзии навбатии «Регар» ТадАЗ
Ду бозии аввали даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон 9-уми апрел сурат гирифтанд.
«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 4:2 пирӯз гардид. Дар ҳамин ҳол дастаи «Регар» ТадАЗ бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст.
Дар бозии дигар «Вахш»-и Қурғонтеппа аз меҳмони худ дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрд. Воқиъан, «Вахш» дар ҳарду бозии даврҳои аввал дар майдони худ ноком гардид.
Се бозии дигари даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон имрӯз, 10-уми апрел, байни ҷуфтҳои «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Динамо»-и Душанбе – CSKA «Помир»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб – «Саройкамар»-и Панҷ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG