Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

209 гирифтори HIV дар вилояти Хатлон


Мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар доданд, ки шумори гирифторони ангали HIV дар ин вилоят ба 209 нафар расидааст, ки 48 тани онҳо занон мебошанд. Сарвари Маркази мубориза бо AIDS дар вилояти Хатлон, Даврон Қурғуротов ба хабаргузории Авасто гуфтааст, 63%-и гирифторон мӯътодони маводи мухаддир мебошанд, ки онро ба воситаи сӯзан ба раги худ ворид мекардаанд. Ба ақидаи ӯ, бемории марговар ба вилояти Хатлон бо муҳоҷироне омадааст, ки дар Русия мардикорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG