Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани сафирони Фаронса дар Душанбе


Вазири умури хориҷии Фаронса Бернор Кушнер тасмим гирифтааст, конфаронси минтақаии сафирони Фаронса дар кишварҳои муштаракулманофеъро ин бор дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон барпо кунад. Ин ҷаласа 11 ва 12 апрел ҷараён хоҳад гирифт. Қарор аст, дар паҳлуи он, Кушнер, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтушунид дошта бошад. Инчунин вазири умури хориҷии Фаронса дар расми ифтитоҳи бинои нави сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG