Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши зиёни иқтисодӣ дар ҷаҳон


Зарари иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, ки аз бӯҳрони қарзӣ дар Амрико сарчашма гирифтааст, метавонад тақрибан ба як триллион доллар бирасад. Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, асари манфии ин бӯҳрон то ба арсаҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла моликият, қарзҳои ширкатҳо ва бахшҳои дигар расидааст. Бори аввал аст, ки Сандуқи Байналмилалии Пул таъсироти манфии бӯҳрони қарзӣ дар Амрикоро арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG