Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тиббии Черкизбозор


Барои муоинаи муқаддамотии вазъи саломатии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Маскав, бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Русия маркази беҳдоштӣ ва дармонӣ ифтитоҳ гардид.

Ин марказ дар сернуфустарин маркази таҷаммуъи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар бозори Черкиз, дар канори бахши консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар ин макон кушода шуд.

Сарпарасти марказ, пизишки тоҷики муқими Маскав ва ҳамзамон раиси созмони «Иттиҳодияи тоҷикистониён дар Русия, Абдуллои Давлат мегуяд, яке аз ҳадафҳои марказ омузиши вазъи саломатии муҳоҷирон ва таҳияи барномаи фарогири ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои гузаранда ва асаб аст, ба далели ин ки шароити мушкили иҷтимоъӣ дар байни муҳоҷирон ин гуна бемориҳоро афзоиш додааст.

Раиси марказ ҳамчунин афзуд, дар Маскав ҳудудан сесад пизишк - дастпарварони Донишгоҳи тиббии ба номи Ибни Синои Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо омода ҳастанд, бо марказ ҳамкорӣ дошта бошанд.

Қурбон Мақсудов, яке аз муҳоҷирон гуфт, феълан дар ҳудуди бозор 10 маркази тиббӣ фаъол аст ва пизишкони тоҷик ба ҳамватанони муҳоҷири худ кумак мекунанд. Қурбон Мақсудов тавзеҳ дод, ки хидмати тиббӣ дар ин марказҳо пулакист, масалан, кандан ва табобати дандон чорсад рублӣ, як сузандору задан 40 рубл, вале ба далели ин ки ин марказҳо аз марказҳои тиббии шаҳри Маскав арзонтар ҳастанд, муҳоҷирон аз хидмати пизишкони ҳамватани худ розӣ ҳастанд.

Ин дар ҳолест,ки дар гузориши сафорати Тоҷикистон дар Русия омадааст, маркази нав хидмати ройгони тиббӣ ба муҳоҷирон аз Тоҷикистонро замонат медиҳад. Сафорати Тоҷикистон ҳамчунин эълом кардааст, ба манзури ташхиси тиббии муқаддамотӣ, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ, дар дигар минтақаҳои таҷаммуъи муҳоҷирони корӣ дар Русия, марказҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ кушода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG