Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод қуюди шабгардӣ ҷорист


Дар Бағдод имрӯз қуюди шабгардӣ эълом шудааст, зеро дар Ироқ панҷумин солгарди суқути рамзии режими Саддом Ҳусайн таҷлил мешавад. Рӯзи нӯҳуми апрели соли 2003 пайкараи азими Саддом Ҳусайнро сарнагун карданд, ки он рамзи суқути режими ӯ аз тарафи нерӯҳои Амрико маҳсуб мешавад.
Ҳукумати Ироқ дастур дод, ба хотири ҷилавгирӣ аз бомбгузориҳо ҳаракати мошинҳо дар хиёбонҳои Бағдод мамнӯъ шавад. Чанде пеш рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр аз тарафдоронаш хоста буд, ки имрӯз бо талаби хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ ба тазоҳурот бароянд, аммо баъдан ба иллатҳои амниятӣ аз ин раъйаш даст кашид.

XS
SM
MD
LG