Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирон дар Туркманистон


Бенито Ферреро Валднер, масъули равобити хориҷаи Иттиҳоди Аврупо изҳори итминон кард, ки музокирот бо вазирони хориҷаи Туркманистону Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон заминаи густариши ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам меорад. Хонум Ферреро дар ин бора гуфт:

"Имконоти васеъ вуҷуд дорад ва муносиботи мо ба суръат густариш меёбад. Дар арсаи омузишу парвариш мо қадамҳои мушаххасу амалӣ бармедорем, дар заминаи авлавияти қонун низ".

Дар як гуфтугуи телефонӣ бо радиои Озодӣ хонум Ферреро Валднер аз Ишқобод таъкид кард, ки Осиёи Марказӣ барои кишварҳои аврупоӣ, ба вижа дар бахши энержӣ, беш аз пеш ба тарафи муҳими ҳамкор мубаддал мешавад. Ба гуфтаи вай, Қазоқистону Туркманистон ва Узбакистон бо захоири ғании нафту гози худ метавонанд таъминкунандагони аслии энержии Аврупо бошанд. Вале гуруҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Аврупо дархост кардаанд, ки бо истифода аз ин имкон Иттиҳоди Аврупо барои таъмини ҳуқуқи башар бояд ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ фишор орад.

Дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ширкат дорад. Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз аз хонум Бенито Ферреро Валднер, Кумиссари равобити хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар ин мулоқот бо номи "Тройка" Дмитрий Рупел, вазири хориҷаи Словения, Пиэр Морел, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Бернард Кучнер, вазири хориҷаи Фаронса ширкат доранд. Дар мулоқоти Ишқобод ширкаткунандагон бештар ба иҷрои санаде бо номи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кумак ба Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2007 ба тасвиб расида буд, тамаркуз хоҳанд кард. Тибқи ин санад Иттиҳодияи Аврупо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, омузишу парвариш, зистмуҳитӣ, амният ва ҳамчунин ҳуқуқи башар ва авлавияти қонун бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории бештар хоҳад дошт.

Иттиҳодияи Аврупо мегуяд, мизони кумакҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2007 то соли 2013 - 750 миллион евро хоҳад буд, ки аз он маблағ 66 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос дорад. Мизони кумаки кунунӣ нисбат ба кумаки марҳалаи қаблӣ 90 дарсад бештар аст.

Хонум Ферреро Валднер дар ҷараёни боздиди худ аз Душанбе 7-уми апрел гуфт, ин 66 миллион евро кумаки Аврупо ба Тоҷикистон дар бахшҳои омузишу парвариш, кишоварзӣ, бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва назорат бар марзҳо ба масраф хоҳад расид.

Анна Матвеева, муҳаққиқ аз Маркази мутолеъоти иқтисодии Лондон ба радиои Озодӣ гуфт, пешгуии самараи ҳамкориҳои Аврупо бо Осиёи Марказӣ душвор аст, вале музокира бо кишварҳои минтақа дар бораи ҳуқуқи башар пеш меравад.

Моҳи октябри соли 2007 Иттиҳодияи Аврупо барои шаш моҳ таҳрими визои Аврупо барои раҳбарони Узбакистонро аз байн бурд. Онҳо барои руйдодҳои хунини Андиҷон аз сафар ба кишварҳои аврупоӣ маҳрум шуда буданд. Тошканд баъзе зиндониёни сиёсиро раҳо ва муҷозоти эъдомро лағв кард. Гуруҳи Дидбони ҳуқуқи башар дар як гузориши 15-сафҳаӣ 8-уми апрел аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ин иттиҳодия масъалаи ҳуқуқи башарро бо ҳукуматҳои минтақа матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG