Пайвандҳои дастрасӣ

Савганди президенти Арманистон


Нахуствазири собиқи Арманистон Серж Саркиссиён имрӯз ҳамчун раиси ҷумҳури нави ин кишвар қасам ёд кард ва баъд аз ду моҳи интихобот, ки ба гуфтаи аҳзоби мухолиф олуда ба тақаллуб буд.

Тазоҳуроти мухолифин аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи 19 феврал дар шаҳри Ереван ба задухӯрд миёни маъмурони пулис ва тазоҳургарон печид ва дар натиҷа ҳашт нафар кушта шуд. Мақомоти Арманистон баъди ин 20 рӯз ҳолати фавқуллода эълом карданд. Ба хотири он ҳалокшудагон имрӯз аҳзоби мухолиф дар берун аз шаҳри Ереван маросими ёдбуд баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG