Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи пешгӯиҳои ғамангези Сандуқи байнулмилалии пул хисороти ниҳодҳои молӣ аз буҳрони вомҳо беш аз 945 млрд. доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

Ба ақидаи мутахассисон, сабаби аслии вазъи баамаломада ин, пеш аз ҳама, иштибоҳҳои дастаҷамъӣ дар арзёбии пайомадҳои фурӯпошии бозори ҷаҳонӣ будааст. Ин ниҳоди молӣ ба бонкҳои хусусӣ ва сармоягузорон ҳушдор додааст, ки онҳо бояд эътимоди муштариёнро соҳиб шаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф сармоягузорон ва бонкҳои хусусӣ бояд дар бораъи вазъи ҳақиқии онҳо дар айёми буҳрони иқтисодӣ тамоми маълумотро ошкор намоянд.
Як бонки мустақар дар Вошингтон эълом намудаст, аз поинравии нархи манзилҳо, ки мунҷар ба буҳрони бозори вомҳои манзил гаштааст, иқтисоди ИМА 565 миллиард доллар зарар хохад дид.
Дар гузориши ба тозагӣ интишоршудаи Сандуқи байнулмилалии пул (СБП), ки, гуфта мешавад, агар буҳрони вомҳои манзил ба дигар бахшҳои қарзӣ аз ҷумла бозори биноҳои тиҷоратӣ, вомҳои корхонаҳо ва дигар навъи қарзҳо сироят кунад, дар ин ҳол хисорот беш аз 1 триллион долларро ташкил хоҳад дод. Яке аз сабабҳои буҳрон дар арзёбии бардурӯғи қимати манзилҳо будааст. Бад-ин тариқ, бонкҳо ба муштариёни ғайриқобилиэътимод маблағҳои бузурги пул қарз медоданд, дар ҳоле ки ин муштариён қобилияти бозгардонии ин маблағҳоро надоштанд.
СБП аз ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ даъват намуд, то ҳарчи зудтар дар бораи арзёбиҳои нодуруст иттилоъ диҳанд ва ба фаъъолияташон шаффофияти бештар бахшида, стротежиҳои пешгирӣ аз зиёни эҳтимолиро ислоҳ кунанд.
Мутахассисони ин ниҳоди байнулмилалии молӣ бар ин ақидаанд, ки ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон низ бояд назорат ба фаъолияти бонкҳоро тақвият диҳанд.
Гузориши СБП дар ҳоле интишор гашт, ки қарор аст ҳафтаи ҷорӣ дар Вошингтон вазирони молияи 7 кишвари пешрафтаи саноъатии ҷаҳон барои баррасии вазъи баамаломада ва роҳҳои баромадан аз буҳрон гирдиҳам биёянд.
Сандуқи байнул милалии пул аз соли 2005 борҳо дар бораи имкони сар задани буҳрони бозори манзилҳои Амрико ва сирояти он ба иқтисоди ҷаҳон ҳушдор медод. Дар ҳоле ки ҳукумати ИМА дар айни ҳол тавонист бо рӯи даст гирифтани чораҳои зарурӣ бозори манзилҳоро ба мувозинат нисбӣ биоварад, ин ниҳоди молӣ изҳор намуд, ки вазъ ҳамоно ноустувор боқӣ мемонад ва хатари густариши буҳрон ҳанӯз бартараф нашудааст.
XS
SM
MD
LG