Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони иттиҳом ба гумонбарони қатли Шурпаев


Додситонии кулли Тоҷикистон ба гумонбарони қатли хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия, Илёс Шурпаев, расман эълони иттиҳом кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон, Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов аз рӯи қисми савуми банди 104-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба қатли амдӣ ва аъмоли сангинкунандаи ҷазо айбдор шуданд. Тасмим гирифта шуд, ки муҳокимаи онҳо дар Тоҷикистон ҷараён гирад. Журналисти доғистонӣ Илёс Шурпаев шаби 21-уми март дар Маскав ба қатл расид. Пажӯҳишгарони ҷиноят гумонбаршудагонро аз Тоҷикистон пайдо карданд. Яке аз онҳо, Ятимов, гуфтааст, бо мақтул равобити ҷинсӣ дошт ва ба хотири амвол ӯро ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG