Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солрӯзи вожгунии режими Саддом Ҳусейн


Дар солгарди сарнагунии режими Саддом Ҳусейн мақомоти Ироқ дар Бағдод чораҳои шадиди амниятӣ ҷорӣ карданд. Ҳаракати мошину мотосиклҳо дар шаҳри мамнӯъ буда, аз нимишабӣ то соати панҷи субҳ қуюди гардиш эълон шудааст. Пештар рӯҳонии тундгарои шиъа Муқтадо Садр аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки барои як раҳпаймоии зиддиамрикоӣ ба кӯча бароянд. Баъд аз эълони чораҳои амниятӣ, Садр аз и даъват даст бардошт. Вай инчунин таҳдид кардааст, ки ба оташбаси муваққат хотима хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG