Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 6 000 чархаи ғанисозии ураниумро насб мекунад


Президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, кишвараш корбандии 6 000 чархаи ғанисозии ураниумро дар пойгоҳи ҳастаии Натанз оғоз мекунад. Изҳороти Аҳмадинажод дар рӯзи таҷлили дастовардҳои ҳастаии Эрон садо дод. Дар ҷавоб, Кохи Сафед Теҳронро ҳушдор дод, ки дар ҳоли сарпечӣ аз қатъи ғанисозии ураниум бо хатари инзивои бештар ва таҳримҳои нави байнулмилал рӯбарӯ хоҳад шуд. Кишварҳои Ғарб ҳарос доранд, ки ҳадафи Эрон дастёфт ба силоҳи ҳастаист, аммо Теҳрон ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG