Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Косово сафорaти ИМА боз шуд


ИМА дар шаҳри Приштина: пойтахти Косово, сафораташро боз намуд. Аз моҳи феврали соли равон ба ин тараф, яъне аз вақте ки Косово истиқлолаш аз Сербияро эълон кардааст, ин панҷумин сафорати хориҷӣ дар ин кишвар аст. Президенти Косово Фатмир Сеҷдю дар маросими ифтитоҳи сафорат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Косово бо Вашингтон равобити хос дорад. Феълан дар Приштина ҳамчунон сафоратҳои Британия, Олмон, Швейтсария ва Албания фаъол мебошанд. То кунун беш аз 30 кишвар истиқлоли Косоворо эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG