Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус: Амнияти Ироқ беҳбуди ноустувор дорад


Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ генерал Дейвид Петреус мегӯяд, пешрафти муҳим, вале ноустувори вазъи амниятӣ дар Ироқ ҷой дорад. Аснои суханронӣ дар назди кумитаи Конгресси ИМА Петреус иброз дошт, ки вазъ нозук буда, пешрафт метавонад аз даст равад.
Петреус бар ин назар аст, ки бозгардони нерӯҳо баъди моҳи июл бояд 45 рӯз ба таъхир гузошта шавад, то низомиён имкони арзёбии вазъиятро дошта бошанд.
Фармондеҳи амрикоӣ афзуд, ки Эрон дар Ироқ нақши тахрибкорро мебозад. Дар силсилаи нишастҳо Петреус ва сафири ИМА дар Ироқ Райан Крокар ба суолҳои вакилони мардумии ИМА посух хоҳанд дод. Пешбинӣ мешавад, ки Петреус ва Крокар ба пурсишҳои се довталаби курсии президентии ИМА низ ҷавоб медиҳанд.
XS
SM
MD
LG