Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссари Кумиссиюни Аврупо дар умури байнулмилалӣ Бенита Ферреро-Валднер гуфт, бинобар бӯҳрони шадиди энержӣ ва пайомадҳои ногувори он ба мақомоти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Бенита Ферреро-Валднер, комиссари Кумиссиюни Аврупо, пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, танҳо пас аз ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод Кумиссиюни Аврупо мавқеъи худро дар баробари вазъи ҳуқуқи башар дар баробари ҳар яке аз кишварҳои ин минтақа рӯшан хоҳад кард. Аммо ҳоло бисёр зарур ва муҳим аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бахши сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ислоҳот анҷом диҳад, ки танҳо ҳамин роҳи дурусти мубориза бо фақр мебошад. Бо таъкид ба ин нукта, хонум Ферреро-Валднер афзуд, ироаи 66 миллион евро ба Тоҷикистон бо назардошти пешрафти амалии вазъи ва иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар сурат хоҳад гирифт. Ӯ гуфт:

«Дар чаҳорчӯби барномаи нави Кумиссиюни Аврупо, ки тахсиси 66 миллион евро ба Тоҷикистонро дар назар дорад, мо албатта мехоҳем, барои сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои хурд дар маҳаллоти дурдасти кишвар ва ҳамзамон обёрии рустоҳо мусоидат бикунем. Аммо дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ, бояд таъкид намоям, ки ин ҷо ба истилоҳ, бозигари асосӣ Бонки ҷаҳонист ва албатта, бӯҳрони ахири энержӣ дар Тоҷикистон, гувоҳ аст, ки барои дастгирии ин соҳа зарур аст, нерӯгоҳҳои фаъоли ин кишвар тармиму бозсозӣ ва захоири мавҷуда барқарор шаванд.»

Бенита Ферреро Валднер, комиссари Кумиссиюни Аврупо ҳамчунин ҳуқуқи башар, ҳифзи сарҳадот ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, рушди соҳаи энержӣ, идораи захоири об, ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ, мусоидат дар поккории марзи Тоҷикистону Узбакистон аз майн ва таҳкими принсипи волоияти қонунро аз масоили авлавиятноки равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон хонд.

Аммо ҳаводиси ахири Тоҷикистон, бавижа камбуди шадиди барқ дар мавсими сармои имсола, шоҳиди ноустувории ин кишвар дар бахши иқтисоду иҷтимоъ мебошад. Зимнан, Иттиҳодияи Аврупо ҳадаф дорад, танҳо барои мусоидат ба коҳиши мизони нодорӣ дар Тоҷикистон 23 миллион евро, барои таҷдид ва беҳсозии соҳаи маориф ҷамъан беш аз 5 миллион евро, барои таҳкими ҳифозати марз 8 миллион евро ва беҳсозии вазъи ҳуқуқи башар ва ҷомеаи мардумсолорӣ то 4 миллион евро ихтисос бидиҳад.

Комиссари Кумиссиюни Аврупо хонум Ферреро Валднер гуфт, Тоҷикистон дар оянда низ кӯмакҳои беш аз имрӯзи моли Иттиҳодияи Аврупо дарёфт хоҳад кард ва барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон, тиҷорат, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва терроризм истифода хоҳад кард. Ёдрас мекунем, Иттиҳодияи Аврупо аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон маҳсуб гардида, сар аз соли 1992 дар ҳаҷми беш аз 500 миллион евро ба ин кишвар кӯмак кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG