Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон – рақиби Амрико дар саҳнаи Ироқ


Дуди сӯхтор дар бозори "Ҷамила"-и Бағдод ба фазои Ироқ паҳн мешавад
Дуди сӯхтор дар бозори "Ҷамила"-и Бағдод ба фазои Ироқ паҳн мешавад

Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии исломии Эрон кӯшиш доранд дар саҳнаи сиёсии Ироқ пештоз шаванд. Вале оё ин сабқат осоишта хоҳад буд?

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ генерал Дейвид Петреус рӯзи сешанбе ба кумитаи низомии Конгресс гуфт, таййи 7 моҳи гузашта аз эъзоми нерӯҳои иловагии Амрико ба Ироқ дар он кишвар пешрафти қобили мулоҳиза, вале ноустуворе ба чашм мерасад. Вале ӯ афзуд, вазъ дар Ироқ ҳамчунон осебпазир ва қобили тағйир боқӣ мемонад: “ДарИроқпешрафтичашмрас, аммоноустуворебаназармерасад. Азмоҳисентябрмизонихушунатҳовакушторимардумиғайринизомӣхелекоҳишёфт, бахшиироқии «ал-Қоъида» ва шуморе аз дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба зарбаҳои ҷиддие рӯбарӯ шуданд, тавоноии нерӯҳои амниятии Ироқ боло рафт, ва мушорикати мардуми маҳаллӣ ва нерӯҳои амниятии маҳаллии Ироқ назаррас шудааст. Бо ин вуҷуд, вазъ дар бархе манотиқи мушаххас ҳамчунон ғайриқаноатбахш буда, чолишҳои бешуморе ҳанӯз боқӣ мондаанд”.
7 моҳ пеш Амрико ба хотири фурӯ нишондани хушунатҳои мазҳабӣ дар Бағдод ва хунсо кардани фаъолиятҳои чирикӣ дар вилоёти суннинишини Ироқ шумори нерӯҳои худро дар он кишвар аз 140 000 ба 170 000 расонд. Тибқи нақша, қарор аст, дасти кам 5 бригадаи аввал аз нерӯҳои иловагии Амрико сар аз моҳи июл аз Ироқ ба ватан баргарданд.
Аммо генерал Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ, рӯзи сешанбе дар кумитаи Конгресс хостори то 45 рӯзи дигар ба ақиб андохтани замони хуруҷи ин нерӯҳо шуд.
Дейвид Петреус ва сафири Амрико дар Бағдод Раян Крокер ин бор вазъи Ироқро дар Конгресс дар рӯбарӯи ҳарсе номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико баррасӣ мекунанд. Ба ин далел, ин бор баҳси Ироқ дар Конгресс хеле фаротар аз танҳо як баҳси навбатии ин масъала хоҳад шуд.
Довталабон аз ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама ва номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ҳатман аз ин нишаст ба манзури ба мардуми Амрико намоиш додани дидгоҳҳои худ дар қиболи Ироқ истифода хоҳанд бурд.
Сенатор Ҷон Маккейн рӯзи душанбе дар мулоқот бо собиқадорони ҷанг, аз мавзеъи генерал Дейвид Петреус, ки ба таъхир андохтани замони хурӯҷи нерӯҳои иловагии Амрико аз Ироқро пешниҳод мекунад, пурра ҳимоят кард: “Дар мавриди воқеъияти аслии Ироқ ҷойи баҳс нест: мо дигар ба сӯи шикаст наменигарем, нигоҳи мо акнун ба сӯи пеш, ба сӯи дурнамои комёбии воқеъист”.
Ҷон Маккейн ҷонибдори ҳузури қавии нерӯҳои Амрико дар Ироқ буда, ба мисли президент Ҷорҷ Буш, бар ин аст, ки тасмим дар бораи мизони ҳузури ин нерӯҳоро бояд худи фармондеҳон дар минтақа бигиранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарду довталаб аз ҳизби демократ – ҳам Барак Обама ва ҳам Ҳиллари Клинтон – муддатҳост, ки маъракаҳои пешазинтихоботии худро таҳти шиъори хурӯҷи зудтари нерӯҳои Амрико аз Ироқ пеш мебаранд. Бадеҳист, ки онҳо аз пешниҳоди генерал Петреус дифоъ нахоҳанд кард, ва ин метавонад баррасии масъалаи Ироқ дар кумитаҳои Конгрессро ба як баҳси гарму доманадор дар бораи стротежии куллии Амрико дар он кишвар табдил бидиҳад. Баҳси Ироқ дар Конгресси Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки он кишвар як марҳалаи барояш хеле ҳассосро тай мекунад.
Коҳиши мизони хушунатҳо дар Ироқ ва ба хотири муқобила бо шабакаи «ал-Қоъида» дар канори нерӯҳои Амрико қарор гирифтани бархе аз ҷангиёни суннимазҳаби ироқӣ эътимодро ба барномаи афзоиши нерӯҳои Амрико дар Ироқ бештар кард. Аммо ба тӯл кашидани ихтилофот умеди ҳалли танишҳо байни гурӯҳҳои мухталифи ироқиро кам мекунад. Даргириҳо дар Басра ва сипас дар манотиқи шиъинишини Бағдод осебпазирии мувозинати мавҷуд байни гурӯҳҳои шиъиро нишон дод.
Бо ин ҳол, нигарониҳо дар бораи нақши Эрон дар масоъили Ироқ меафзояд. Миёнҷигии Эрон дар мавриди истиқрори оташбас дар Басра нуфузи Теҳрон бар ҳама гурӯҳҳои шиъиҳои ироқиро ба намоиш гузошт ва нишон дод, ки Эрон ба як рақиби Амрико дар саҳнаи Ироқ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG