Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх аз вазъи Афғонистон нигарон аст


Ба қавли раиси кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳоле, ки низоъ дар Афғонистон тавсеаву шиддат меёбад, вазъи башарии ин кишвар бадтар мешавад. Раиси кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Ҷакоб Келленбергер барои арзёбии бӯҳрони башарӣ ба Афғонистон сафар кардааст. Дар давоми як ҳафтаи оянда ӯ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ва дигар мақомоти баландпояи афғон мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG