Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи ҳаставии Эрон тавсеа меёбад


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, Ҷумҳурии исломӣ дар корхонаи ғанигардонии уран, воқеъ дар минтақаи Натанз, насби 6000 сентрифугаи ҳаставиро оғоз намуд.
Расонаҳои эронӣ изҳороти президент Аҳмадинажод бахшида ба таҷлили дастовардҳои ҳаставии Ҷумҳурии исломиро интишор кардаанд.
8-уми апрел дар Эрон "Рӯзи миллии фанновариҳои ҳаставӣ" ҷашн гирифта шуд.
Моҳи апрели соли 2006-ум Эрон аввалин дафъа уранро то ҳадди зарурӣ барои маводи сӯхти ҳаставӣ ғанӣ гардондааст.
Грегорӣ Шулт фиристодаи ИМА дар Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ин эълонро ҳамчун намунаи саркашии мақомоти Теҳрон аз иҷрои тақозои байналмилалӣ ёдовар шуд.
Мамолики ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи ниҳоии барномаи
ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад. Теҳрон ин айбномаро рад мекунад.
Шӯрои Амнияти СММ бо ишора ба саркашии Эрон аз қатъи ғанигардонии уран се дафъа рӯи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG