Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ва демократияи Осиёи Марказӣ


Дар арафаи нишасти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқободи Туркманистон созмони ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch изҳороте пахш намуда, аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки барои ҳукуматҳои мамолики Осиёи Марказӣ меъёри ҳуқуқи башар тартиб дода, татбиқи онро ҳадафи асосии худ қарор диҳанд.

Нӯҳуми апрел дар пойтахти Туркманистон мулоқоти дурӯзаи мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷумла вазирони корҳои хориҷии Фаронсаву Словения бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир хоҳад шуд, ки Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, баҳси муназзами масъалаҳои марбут бо ҳуқуқи башарро тавре он дар стратегияаш зикр гаштааст, ба як муколамаи доимӣ табдил диҳад.

Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ соли 2007-ум ба тасвиб расида, аввалин бознигарии он моҳҳои оянда ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ҳолӣ Картнер, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, Осиёи Марказӣ пойгоҳи саркӯбкунандатарин давлатҳо дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад ва Иттиҳодияи Аврупо бояд аз имкони беҳбуд бахшидани вазъ истифода барад.

Дар стратегияи Иттиҳодияи Аврупо тақвияти ҳамкориҳои созмони мазкур бо кишварҳои минтақа дар энергетика, амният ва соҳаҳои дигар мадди назар гирифта шудааст. Дар ин санад ҳамчунон ташвиқи ҳуқуқи башар ва ҳокмияти қонун ёд шуда бошад ҳам, меъёр ва ё нишондиҳандае барои муроқибати он пешбинӣ нашудааст.

HRW аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо пешрафт дарс оҳаи ҳуқуқи башар иртибот диҳад. Human Rights Watch дар 15 саҳифа меъёрҳо барои ҳар як кишвари Осиёи Марказиро сабт намудааст. Ҳамин гуна, Порлумони аврупоӣ ҳам 20-уми феврал эъломияе ба тасвиб расонида, аз Иттиҳодия даъват кард, авлавияту ҳадафҳояш ва аз ҷумла вазъи ҳуқуқи башар дар ҳар яке аз панҷ мамлакати минтақаро мушаххас кунад.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки ба таври доимӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ машварат орояд. Human Rights Watch менавсид: "Соли гузашта беҳбуде дар вазъи ҳуқуқи башари минтақа ба вуқӯъ пайваст. Масалан, аз маҳбасҳои Узбакистон ҳашт ҳомии ҳуқуқи башар раҳо шуданд. Дар Туркманистон бошад, як идда мухолифини сиёсӣ ба озодӣ баромаданд."

Вале хонум Картнер мегӯяд, ҳодисаҳои ҷудогона наметавонанд манзараи умумии таъқиби ҳуқуқи башар дар ин гӯшаи оламро пӯшонанд. Ӯ илова мекунад, ки сарфи назар аз баъзе ислоҳот, ки баъди ҳукми 21-солаи Сапармурод Ниёзов раҳандозӣ шудааст, Туркманистон ҳамоно яке аз саркӯбкунандатарин кишварҳои олам аст.

Human Rights Watch таъкид мекунад, ки САҲА соли 2010 Қазоқистонро сарвари даврии ин созмон таъйин хоҳад кард ва ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун дар ин кишвар ягон интихоботи мутобиқи меъёрҳои САҲА баргузор нашудааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гузоришгари Human Rights Watch дар Осиёи Марказӣ хонум Андрея Берг мушкилоти ҳуқуқи башар дар Қирғизистону Тоҷикистонро шабеҳи ҳам номид. Ӯ гуфт:

"Нигаронии асосии мо аз дастрасӣ ба адолат ва истиқлоли додгустариҳо мебошад. Усулан, вазъи Тоҷикистон шабеҳи Қирғизистон, ки дар он ҷо гуногунфикрии сиёсӣ зери фшори рӯзафзун мебошад. Озодии ҷамъомадҳо, озодии ташкили иттиҳодияҳо ва озодии баён маҳдудтар мегардад. Мо умед дорем, Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, як идда машваратҳои аз тарафи САҲА ва ё кумитаи зидди шиканҷаи СММ матраҳшударо иҷро хоҳад кард."

Андрея Берг аслан дар Қирғизистон буда, бо сафарҳои корӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф меорад. Ин дафъа ӯ ҳамзамон бо комиссари равобити хориҷии Комиссияи аврупоӣ, ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо хонум Бенита Ферреро Валднер ба Душанбе омадааст. Аз намояндаи Human Rights Watch мепурсам, аз мулоқоти мансабдори аврупоӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чӣ интизорӣ доред?

"Дар изҳороте, ки ба ин муносибат пахш шуд, гуфта мешавад, ки Валднер истифодаи захираҳои обӣ, маориф, беҳдошт ва мубориза бо фақрро баҳс мекунад, вале дар ҳақиқат Human Rights Watch умед дорад, ки вай дар ҳамаи вохӯриҳояш масъалаи ҳуқуқи башарро матраҳ мекунад, зеро дар дастури кории мансабдорони аврупоӣ зикр гардидааст, ки онҳо бояд масъалаҳои марбути ҳуқуқи башрро дар ҳамаи нишастҳояшон баррасӣ кунанд."

Ҳамчунон хонум Берг изҳори умед кард, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ дар мулоқоти Ишқобод ба таври муфассал баҳс хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG