Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Тоҷикистон Маъруф Орифов, раиси силсифурушгоҳҳои «Орима»-ро ба 8,5 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълом кард, ки иттиҳомоти ворида алайҳи Маъруф Орифов - раиси силсилафурӯшгоҳҳои Орима дар ҷараёни баррасӣ собит шудааст.

Бозрасони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Маъруф Орифов – мудири куллии ширкати Тоҷикистону Ҳолланд ва раиси силсилафурӯшгоҳҳои Оримаро ба таҳриф ва тақаллуби асноди вобаста ба молиёти ширкат, сарпечӣ дар пардохти молиёт, мусоидат дар фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истифодаашон сипаришуда ва додани ришват ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ ба як масъули ин ниҳод муттаҳам карда буданд.

Шавкат Абулхайров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, новобаста аз он ки Маъруф Орифов - мудири ширкати муштараки Тоҷикистон ва Ҳолланд мавсум ба“M&P” ва раиси силсилафурӯшгоҳҳои Орима бархе аз гуноҳони худро эътироф ва қисми зиёди онҳо минҷумла додани ришватро рад кард, аммо омӯзиши асноди тафтишот ба чунин натиҷа овардааст, ки вай муртакиби ин ҷиноёт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Мирзоев- як тан аз вакилони дифои оқои Орифов бо ишора ба мавқеи мақомоти тафтишотӣ, ки барои нафари зери ҳимояи ӯ чаҳор соли зиндонро тақозо карда буданд, ҳукми додгоҳро муғойир бо қавонини Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард.

Эъломи ҳукми Маъруф Орифов аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бархе аз коршиносон аз осебпазир будани арсаи тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Як нафар аз тоҷирони тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, вақте бархе аз афрод мустақилона ва бо талошҳои зиёд як навъи бизнес ё тиҷоратро роҳандозӣ ва дар ин кор комёб низ мешаванд, гурӯҳҳои хос бо ҳар роҳу васила садди роҳи онҳо мешаванд. Ин тоҷир гуфт, замоне Маъруф Орифов ба тиҷорат оғоз кард, ки на ҳама дар Тоҷикистон ба равнақи кори тоҷир ва соҳибкор бовар доштанд. Вале ӯ сармоягузорони хориҷиро мутақоид кард ва тавонист бо ҷалби маблағи созмонҳои байналмилалии молӣ тиҷорати хуберо дар доираи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монад. Ҳамин нафар афзуд, ки рақобат дар арсаи тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамоно бо шеваҳои номашрӯъ идома дорад, ки дар аксари маворид ҳамин гурӯҳҳои хос аз онҳо манфиат мебинанд.

Зимнан, Маъруф Орифов - раиси силсилафурӯшгоҳҳои Орима барои равнақи кори худ бо бархе аз муассисоти моли байналмилалӣ аз ҷумла, Бонки аврупоии тавсиа ва тараққиёт ҳамкорӣ доштааст. Бонки аврупоии тавсиа ва тараққиёт барои рушди фаъолияти ширкати Орима ҳудуди панҷ миллион доллар қарз додааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон амволи Маъруф Орифов бар суди давлат мусодира хоҳад шуд. Гуфта мешавад, саҳми оқои Орифов дар ширкати муштараки Тоҷикистону ва Ҳолланд ҳафтод дар садро ташкил медодааст.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Мирзоев, вакили дифои Маъруф Орифов бар ин назар аст, ки замина ва ангезаҳои аслии боздошт ва муҷозоти Орифов барои ӯ ва ҷомиаи Тоҷикистон норӯшан хоҳад буд. Аз ин рӯ, ӯ ва Орифов бар изофаи шикоят аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоии он талош хоҳанд кард, ин қазияро ба баррасии ҷомеаи тоҷирон ва сармоягузорони хориҷӣ вогузоранд.

XS
SM
MD
LG