Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди мусаллаҳона дар шаҳраки Садри Бағдод


Рӯҳонии шиамазҳаби ироқӣ Муқтадо ас-Садр таҳдид кардааст, ки артиши Маҳдии зери раҳбарии ӯ аз оташбаси дар моҳи август эълон кардааш даст мекашад.
Ҳушдор замоне нашр шуд, ки дар шаҳраки Садри Бағдод бархӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва пайравони силоҳбадасти Муқтадо Ас-Садр ҷараён дорад.
Бархӯрд замоне шурӯъ шуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ кӯшиши вуруд ба шаҳракро раҳандозӣ намуданд. Ҳукумати Ироқ ба Садр пешниҳод кардааст, ки артиши Маҳдиро халъи силоҳ намояд ва ё аз сиёсат дур шавад.
Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, тӯли чанд рӯзи ахир ошӯбгарон дар Ироқ шаш сарбози амрикоиро ба қатл расондаанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе фармондеҳони низомӣ ва дипломатҳои амрикоии мустақар дар Ироқ дар назди Конгресси ИМА пиромуни пешрафт дар Ироқ гузориш медиҳанд.
Генерал Дейвид Петреус ва сафир Райан Крокар ба чанд кумитаи Сенат ҳам ҳисобот хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG