Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси меъёри вазъи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ


Дар арафаи нишасти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ашқободи Туркманистон созмони ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch изҳороте пахш намуда, аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки барои ҳукуматҳои мамолики Осиёи Марказӣ меъёри ҳуқуқи башар тартиб дода, татбиқи онро ҳадафи асосии худ қарор диҳанд. Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хонум Андреа Берг гузоришигари созмони Human Rights Watch аз шаҳри Душанбе гуфт:
"Созмони дидбони ҳуқуқи башар пасманзари вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказиро ба табъ расонда, аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, меъёрҳоеро барои ҳар яке аз панҷ кишвари минтақа мушаххас намояд."
Мулоқоти дурӯзаи мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷумла вазирони корҳои хориҷии Фаронсаву Словения бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир хоҳад шуд, ки рӯзи чоршанбе ифтитоҳ ёфта, тибқи пешбиниҳо дар он Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG