Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарурати сайри машъали олимпӣ баҳс мешавад


Мансабдорони Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯянд, эҳтимол дар арафаи олимпиадаҳои оянда онҳо аз ташкили сайри давомдодии машъал худдорӣ кунанд. Жак Рогге раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Пекин Кумита идомаи сайрҳои машъал дар бозиҳои ояндаро баҳс мекунад.
Мухолифини таъқиби гирдиҳамоиҳои Тибет ба нишони эътироз аз мақомоти Чин чанд дафъа сайри машъалро халалдор намуданд.
Рӯзи душанбе аснои сайри машъал дар Париж бархӯрдҳои эътирозгарон ба полис ба қайд гирифта шуд. Як рӯз пеш аз он ҳамин гуна эътирозҳо дар Лондон, Истанбул ва Юнон ҷой доштанд. Тахмин мешавад, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Сан Франтсискои ИМА ҳам чорабиниҳои эътирозӣ барпо хоҳанд шуд.
Чин эътирозҳоро кӯшиши тахриби бозиҳои олимпӣ номида, таъкид кардааст, ки эстафета ё худ сайри давомдодии машъалро қатъ нахоҳад кард.
Тибқи нақша машъали олимпӣ бояд қаламрави 20 кишварро убур намуда, моҳи август дар арафаи оғози бозиҳои олимпӣ ба Пекин баргардад.

XS
SM
MD
LG