Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки дар шаҳри Даммами Арабистони Саъудӣ баргузор шуд, дар гурӯҳи С бо тимҳои Куриёи Шимолӣ, Чин ва Лубнон бозӣ хоҳад кард.

16 дастаи ширкаткунандаи марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот, ки аз 31-уми октябр то 14-уми ноябри соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи А Ҷопон, Арабистони Саъудӣ, Эрон ва Яман, ба гурӯҳи В Куриёи Ҷанубӣ, Ироқ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Сурия, ба гурӯҳи D Урдун, Австралиё, Тайланд ва Узбакистон шомил гардиданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 1-уми ноябр бо дастаи Чин, 3-вуми ноябр бо тими Куриёи Шимолӣ ва 5-уми ноябр бо дастаи Лубнон бозӣ хоҳад кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, вазифаи аслии мо ба даст овардани роҳхат ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон мебошад.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 8-уми ноябр доир мегардад, ширкат меварзанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 11-уми ноябр ва бозии ниҳоӣ 14-уми ноябр баргузор мешаванд. Чаҳор дастаи ба даври ниманиҳоӣ роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG