Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон


Пас аз шикасти гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд ширкати "Узтрансгаз"-и Узбакистон коҳиши тадриҷии интиқоли газ ба Тоҷикистонро шурӯъ кардааст. Шаби гузашта интиқоли газ ба Тоҷикистон 35 дарсад коҳиш ёфт. Ноиби аввали раиси ширкати "Тоҷикгаз" Шавкат Шоимов низ нокомии гуфтушунидро тасдиқ кард ва афзуд, Тошканд пардохти комили қарзро талаб кардааст, ки ба 7 миллион доллар баробар аст. Ба гуфтаи вай, 90 дарсади ин қарз дар гардани ширкати "Барқи тоҷик" аст. Аммо истеъмолгарони асосии гази Узбакистон корхонаи арзизи Талко, ширкати "Тоҷиказот" ва корхонаи соруҷ ё сементи Душанбе мебошанд. Ҷаноби Шоимов гуфт, газ танҳо ба корхонаҳое дода хоҳад шуд, ки қарздор нестанд.
XS
SM
MD
LG