Пайвандҳои дастрасӣ

СММ эълони натиҷаҳои интихоботи Зимбабверо хост


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун аз Кумисюни интихоботии Зимбабве даъват кард, натиҷаҳои интихоботи ду ҳафта пеши ин кишварро эълон кунад. Раҳбари мухолифони Зимбабве, Мургон Чвангирай мегӯяд вай дар ин интихобот президенти феълӣ Роберт Мугоберо шикаст додааст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, аз адлу демократия дар кишвараш пуштибонӣ кунад. Мугобе 28 сол ба ин сӯ курсии президентиро тарк намекунад, дар ҳоле ки иқтисоди Зимбабверо ба поинтарин сатҳ нишондааст.
XS
SM
MD
LG