Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо ба машъали олимпй дар Амрико


Машъали олимпӣ дар сайри худ ба сӯи Пекин ду бор аз тарафи эътирозгарон дар Порис хомӯш карда шуд. Чораҳои шадиди амниятӣ пеши роҳи мӯътаризонро, ки аз амалкарди Чин дар Тибет интиқод мекарданд, гирифта натавонист. Дар ниҳояти кор, машъали олимпӣ дар дохили як автобус аз моварои шаҳр гузаронида шуд. Дар Сан-Франсискои Иёлоти Муттаҳида тарафдорони озодии Тибет дар масири оташи олимпӣ даст ба намоишҳои эътирозӣ заданд. Ду нафари онҳо бо симресмонҳои Пули Тилои Сан-Франсиско боло рафта, он ҷо шиори "Як ҷаҳон, як орзу, Тибети озод"-ро насб карданд.
XS
SM
MD
LG