Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машварати Ал-Садр бо рӯҳониёни дигар


Ёварони олирутбаи рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр гуфтаанд, ки ӯ бо рӯҳониёни бонуфуз машварат хоҳад кард ва агар онҳо тавсия диҳанд, Артиши Маҳдии худро барҳам хоҳад дод. Пештар аз ин нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ таҳдид кард, ки ки дар сурати барҳам надодани нерӯҳои мусаллаҳаш, тарафдорони Муқтадо Садр аз ҳаққи ширкат дар ҷараёнҳои сиёсӣ маҳрум хоҳад шуд. Дар ҷангҳои хунини охири моҳи март миёни мусаллаҳони Артиши Маҳдӣ ва нерӯҳои ироқӣ садҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Ин ҷангҳо, баъди дастури Нурӣ Ал-Моликӣ барои саркӯбии шибҳанизомиён сар зад.

XS
SM
MD
LG