Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Олмерт бо Маҳмуд Аббос


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раиси ҷумҳури Фаластиниён Маҳмуд Аббос имрӯз дар шаҳри Байтулмуққадас дидор карданд, то баъди ду моҳи таннафус музокиротро аз сар бигиранд.
Сухангӯи ҳукумати Исроил Марк Регев гуфт, ду раҳбар ба тавофуқ расиданд, ки ҳар ду ҳафта як маротиба мулоқот кунанд ва ҳамчунин ба аҳди худ барои расидан ба созиши сулҳ то охири соли оянда таъкид варзиданд.
Музокироти дуҷонибаи Исроилу Фаластиниён, ки чаҳор моҳ пеш ва баъд аз ҳафт соли таввақуф аз сар гирифта шуд, бо ҳамлаҳои мушакии фаластиниён аз Навори Ғазза ба Исроил ва шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои баҳснок олуда шудааст.

XS
SM
MD
LG