Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душвориҳои муҳоҷирати корӣ


Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Дуруд бар Шумо. Дар шумораи навбатии «Садои ҳамватан» матолиби зайлро ба шумо пешкаш мекунем.

Душвориҳои муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми муҳоҷират дар посгоҳҳои марзиву гумрукӣ

Муҳоҷирати кории мавсимӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ва соири кишварҳои Шӯравии пешин оғоз шудааст. Дар ин шабонарӯзҳо дар посгоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбакистон ё Узбакистону Қазоқистон бо тоҷикону узбакҳо ва қирғизҳо метавон дучор омад, ки озими Русия шудаанд ва барои расидан ба нуқтаи ахири сафар рӯзҳо дар посгоҳҳои марзӣ мунтазир мемонанд. Онҳо дар сӯҳбат бо Насибҷони Амонӣ, хабарнигори мо дар Алмаато, ки ахиран аз роҳи заминӣ тавассути Қазоқистону Узбакистон ба Тоҷикистон сафар кард, гуфтаанд, ки душвортарин марҳалаи сафар гузаштан аз чунин посгоҳҳо ва марзҳои миёни кишварҳо будааст.


Дар Панҷакент як ширкати нақлиётии Хуҷанд мехоҳад ҳамлу нақли муҳоҷирони кории водии Зарафшонро бар уҳда бигирад

Бо назардошти чунин душвориҳои сафар дар Панҷакент барои интиқоли муҳоҷирини кории водии Зарафшон ба Русия як ширкати нақлиёти шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд чанд автобуси мусофирбар додааст. Ин ширкат соли аввал аст, ки ба чунин кор даст задааст ва то ҳол касе наметавонад бигуяд, ки он дар ҳамлу нақли муҳоҷирони мавсимӣ ба Русия то чӣ андоза муваффақ хоҳад буд.

Муъаррифии ҷамъияти тоҷикони вилояти Оренбурги Русия

Чунин ба назар мерасад, ки ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия нисбат ба солҳои пеш имсол барои кумак ба муҳоҷирони мавсимии корӣ омодагии бештар доранд. Шояд сабаб ин аст, ки солҳои ахир ин масъала дар доираҳои мухталифи иҷтимоъиву давлатии Тоҷикистон бештар матраҳ аст. Гузашта аз ин, сармояҳое, ки муҳоҷирони корӣ ба хонаводаҳои худ мефиристанд, василаи аслии гузарони зиндагии қисмати аъзами аҳолии Тоҷикистон дониста мешавад. Ба ин сабаб, ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон мехоҳанд бо ҷамъиятҳои гуногуни тоҷикони муқими Русия ҳамкорӣ барқарор кунанд ва аз ин роҳ бо муҳоҷирони корӣ тамоси ғайримустақим дошта бошанд. Ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Оренбург бо номи "Ваҳдат" яке аз онҳост. Мо Толиб Баротов - раиси ин ҷамъиятро телефонӣ пайдо кардем ва нахуст аз вай пурсидем, муҳоҷирони мавсимии тоҷик, ки имсол дар ҷустуҷуи кор ба вилояти Оренбург ворид мешаванд, дар чӣ бахшҳое мумкин аст барои худ кор пайдо кунанд?

Оё дарёфти шаҳрвандии Русия кори душвор аст ва барои он чӣ қадр бояд ришва диҳӣ?

Солҳои ахир бо назардошти душвориҳои роҳ ва махориҷи рафту омад баъзе муҳоҷирони кории тоҷик саъй меекунанд, шаҳрвандии Русияро ба даст оранд. Бо чунин кор онҳо метавонанд, аз як су, ҷои кори худро аз даст надиҳанд ва аз суи дигар аз имтиёзҳои шаҳрвандони маҳпалии Русия бархурдор шаванд. Ба чунин имтиёзҳо аз ҷумла боло рафтани мизони дастмузд, дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштиву маъишатӣ шомил мешавад. Нуктаи дигар ин аст, ки афзоиши аҳолии бумӣ дар Русия мушоҳида намешавад ва сол то сол шумораи аҳолӣ коҳиш меёбад. Ба ин сабаб ҳатто деҳоти матрук зиёд шудаанд. Вале солҳои ахир боло рафтани нархи нафту гоз дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба Русия даромадҳои ҳангуфт меорад ва Русия онро дар рушди иқтисод ба масраф мерасонад. Коршиносон мегуянд, барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисод дастҳои корӣ намерасад, яъне нируи корӣ. Ба ин сабаб чунин нируи арзони кориро мақомоти Русия дар симои муҳоҷирони кории кишварҳои Шуравии собиқ, ба вижа кишварҳои Осиёи Марказӣ мебинанд ва мехоҳанд онҳо нируи муваққати корӣ набошанд. Онҳо мехоҳанд аз миёни онҳо беҳтаринҳоеро, ки барои пешрафти худи Тоҷикистон низ заруранд, ба нируи доимии корӣ табдил диҳанд. Дар ин бора ҳамкори мо Расули Шодон дар Маскав дар гузорише омода кардааст.

Ва як хонаводаи тоҷик дар Ҷалолободи Қирғизистон варзишгарони ҷаҳониро ба камол расондааст. Ин хонаводаи кист?

Ахиран ҳамкори мо Мирасрори Фарғонӣ дар Бишкек аз вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бодид кард ва дар он ҷо бо як хонаводаи тоҷик ба гуфтугу нишаст. Мо ҷузъиёти ин мавзуъро боз намекунем ва аз шумо даъват мекунем ба ин гузориши ҳамкори мо Мирасрор гуш диҳед.

Бо пахши ишораи аудио дар боло аз тарафи рост ин матолибро бишнавед.

XS
SM
MD
LG