Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро «Тоҷиксемент» ба иқтидори пуррааш кор намекунад?


Бо гузашти 9 рӯз аз тавқифи кори ширкати «Тоҷиксемент», ин корхона тавлидоти сементро дубора аз сар гирифт, аммо на ба иқтидори комил.

Ва ин ҳам, ба гуфти масъулини «Тоҷиксемент», танҳо бо дахолати шахсии раисҷумҳур ва дар пайи танишҳои лафзии раҳбарони ин ду ширкати Тоҷикистон. Субҳи 28-уми март ширкати «Тоҷикгаз» ба иллати, ба қавли худаш, то 1 миллион доллар қарздор будани «Тоҷиксемент», интиқоли гази табиъӣ ба ин корхонаро мутаваққиф сохта буд. Аммо «Тоҷиксемент» ба навбаи худ иддаъо дорад, ки аз ширкати гази Тоҷикистон аслан қарздор нест ва, баръакс, «Тоҷикгаз» масъулияти худро дар назди ин корхона дуруст иҷро намекунад.
Яке аз масъулини корхонаи «Тоҷиксемент», мегӯяд, ширкати «Тоҷикгаз» ғайр аз ин ки бо қатъи интиқоли газ хисороти қобили мулоҳиза ба корхонаи онҳо расонидааст, масъулияти худ дар мавриди таҳвили ҳамарӯзаи 14 000 метри мукаъъаб газ ба «Тоҷиксемент»-ро иҷро накард: «Чаро «Тоҷикгаз» намегӯяд, ки корхонаи мо ҳамеша пешпардохт мекунад маблағи газро? Масалан, дар таърихи 1-уми марти соли равон худи «Тоҷикгаз» аз «Тоҷиксемент» қариб 800 000 доллар қарздор буд. Аммо ба ҷои 14 000 метри мукаъъаб гази дархостшуда, ба корхонаи мо ҳамагӣ 5 000 метри мукаъъаб газ интиқол медиҳанд ва мизони тавлидоти мо, зимнан, коҳиш ёфтааст. Ҳоло танҳо 1 бухории корхона фаъъол аст ва бо ин мизон мо 400 000 тонна сементи нақшаамонро дар соли равон тавлид карда наметавонем. Ин ҳам дар ҳоле ки тибқи дастури президент, интиқоли газ ба корхонаи мо набояд аслан қатъ шавад, чун мо иншоъотҳои муҳимми кишварро таъмин мекунем бо семент…»
Ҳамсуҳбати радиои «Озодӣ» афзуд, бинобар тавқифи интиқоли газ, ин корхона тавонистааст, танҳо чанд рӯзи аввал аз сементи захиракарда сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро таъмин бикунад, аммо чанд рӯзи дигар дар умури сохтмонии он иншоъоти стротежик, ба қавли манбаъ, бинобар набуди семент ихлол ворид шуд. Ҳарчанд раиси ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» Раҳматуллоҳ Алҷанов таъсири манфии тавқифи кори «Тоҷиксемент» ба кори ин сохтмони асосии кишварро такзиб кардааст.
Ширкати «Тоҷикгаз», ба навбаи худ, иқрор мекунад, ки тавони таъмини саросарии кишвар бо гази табиъиро надорад, чун қарзи ин ширкат дар назди «Узтрансгаз» рӯ ба афзоиш аст. Фатҳиддин Муҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз», мегӯяд: «Қарзҳои мо рӯз аз рӯз афзоиш меёбад, як худи ширкати «Барқи тоҷик» 7 миллион доллар қарздор аст ва то он замон, ки мо ин маблағро ба Узбакистон надиҳем, дар кори мо беҳбудӣ намешавад…»
Аммо ширкати «Барқи тоҷик», ки ҳамзамон беш аз 60 миллион сомонӣ аз молиёт низ қарздор аст, мегӯяд, наметавонад 7 миллион доллари қарз аз «Тоҷикгаз»-ро бозпас гардонад. Ширкати гази Тоҷикистон низ, дар баробари ин, ҳаққи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадидтар дар интиқоли газ ба муассисаҳои тобеъи «Барқи тоҷик»-ро надорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран раҳбарияти «Тоҷикгаз» бо хоҳиши дигарбораи афзоиши мизони содироти газ ба Тоҷикистон, вориди Тошканд шуд ва, ба қавли Фатҳиддин Муҳсиддинов, раиси «Тоҷикгаз», онҳо ҳамтоёни узбаки худро барои хариди то 1 300 000 метри мукаъъаб бовар кунонидаанд, дар ҳоле ки тибқи қарордоди қаблӣ, ҳамарӯза 2 миллион метри мукаъъаб газ вориди Тоҷикистон шавад.
Дар воқеъ, Тоҷикистону Узбакистон дар аввали соли ҷорӣ ба чунин тавофуқ расидаанд, ки 650 миллион метри мукаъъаб гази Узбакистон ба арзиши 145 доллар ба ҳар 1 000 метри мукаъъаби он дар соли 2008 вориди Тоҷикистон мешавад. Аммо шарти аслӣ ин аст, ки «Тоҷикгаз» маблағи гази узбакиро бояд пешпардохт намояд, дар сурати акс, бегаз мемонад.
XS
SM
MD
LG