Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДТ аз раъйи худ гашт


Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз қасди худ барои баргузории тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази вилояти Бадахшон даст кашидааст. Дар баёнияи шӯрои марказии ҳизб гуфта мешавад, бинобар он ки амнияти раҳбарони бахши вилоятии ҳизбро замонат дода наметавонад, аз ин сабаб аз онҳо хостааст, рӯзи 8 апрел тазоҳуротро баргузор накунанд.

Ба бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократ, ки мехост ба нишони эътироз аз чанд иқдоми ҳукумати марказӣ дар Бадахшон намоиши эътирозӣ баргузор кунад, мақомоти расмӣ иҷозаи тазоҳурот надоданд. Онҳо таҳдид карданд, ки дар сурати ғайриқонунӣ доир шудани тазоҳурот ба зидди эътирозгарон аз нерӯ истифода хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG