Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъо доир ба талафоти мардум


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ҳоли таҳқиқи иддаъои масъулони вилояти Нуристон ҳастанд, ки ба қавли онҳо дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои Амрико дар ин вилоят 33 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Вазорати дифоъи Афғонистон иддаъоҳо доир ба талафоти ғайринизомиён дар амалиёти рӯзҳои шанбе ва якшанберо таъйид накардааст.
Пештар аз ин нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур шумораи чашмгири ҷангҷӯён маҳв шудаанд. Муҳаммад Олим - муовини волии Нуристон гуфтааст, ки ҳангоми амалиёти якрӯза дар ноҳияи Дуоб 33 ғайринизомӣ аз ҷумла занону кӯдакон ҷон дода ва даҳҳо тани дигар низ захм бардоштаанд. Раиси ноҳияи Дуоб Қорӣ Довуд шумораи қурбониёнро 28 нафар гуфтааст.

XS
SM
MD
LG