Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ду узви Ҳизби Таҳрир


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар созмони мамнӯъшудаи Ҳизб-Ут-Таҳрир ба зиндон маҳкум карданд. Ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, додгоҳи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон имрӯз эълом кард, ки ду сокини шаҳри Хуҷанд маркази вилоят, бо гуноҳҳои барангехтани адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ то ба ҳафт солии зиндон маҳкум карда шуданд.
Ҳизб-Ут-Таҳрир, ки моҳи марти имсол аз тарафи Додгоҳи Тоҷикистон расман созмони ифротӣ хонда шуд, мехоҳад дар қаламрави Осиёи Марказӣ Хилофати Исломӣ бунёд кунад. Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ҳафт нафарро бо иттиҳоми узвият дар ин созмон дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG